Андӣ дар Маскав: таассуроти тамошобинон аз ҳунарнамоии овозхони эронӣ

Обуна шудан
Дирӯз 6 сентябр нахустин консерти овозхони номии эронӣ Анди Мададиён дар толори "ГлавClub Green"-и Маскав баргузор шуд.

Ба дидани кумири худ тоҷику узбак, эрониву қазоқ, русу арманӣ ва афғону ҳинду омада буданд. Яке бо хонавода, дигаре бо дӯстдухтар, сеюмӣ бо дӯстон ва чаҳорумӣ бо падари пир ба дидори овозхони номии Андӣ мешитофтанд ва пас аз ҳавои сарду боронии Максав худро дар оғӯши фазои гарму самимӣ худро дармеёфтанд.

"Ман аз кӯдакӣ сурудҳои Андиро гӯш мекардам. Имрӯз ба дидораш расидам. Бисёёёёр шодам", — гуфт яке аз раққосон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Таассуроти тамошобинонро дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0