Роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон ба бунбаст расид

© Фото : Мин.транспорта РТМинистр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото
Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон ду ҳазор килуметр дарозо дошта, ки 580 килуметр аз он мебоист аз қаламрави Тоҷикистон бигзарад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Вазири таробарии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода имрӯз дар нишасти расонаӣ гуфт, сармоягузорӣ барои тарҳи роҳи оҳани Чин — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон бо бунбаст дучор шудааст.

Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати таробарии ҶТ, дар нишасти расонаие, ки имрӯз баргузор шуд, ин вазорат аз фаъолияташ дар шашмоҳаи аввали соли 2017 натиҷагирӣ кард. Дар ин нишаст вазири таробарӣ, раҳбарони ширкатҳои "Роҳи Оҳани Тоҷикистон", "Тоҷик Эйр", "Тоҷикаэронавигасия" ва Хадамоти давлатии назорату танзими таробарӣ ширкат кардаанд.

Худоёр Худоёрзода дар ин нишаст гуфта, ки барои анҷоми имконсанҷии ин тарҳ миёни Вазорати таробарии ҶТ ва ширкати эронии "Метро" санаде ба имзо расида ва Эрон як милюн дулор кумак ҳам ваъда дода буд, аммо иҷрои ин тарҳ ба бунбаст дучор шуда ва ҳамакнун ҳеч коре барои сохти он агҷом дода намешавад.

"Супоришдиҳанда ва масъули имконсанҷии ин тарҳи роҳи оҳан дар қаламрави Тоҷикистон Вазорати умури хориҷаи Эрон буд. Бояд як милюн дулорро ҳамин вазорат ҷудо мекард, вале ҳамагӣ 200 ҳазор дулор дод ва ин кор бо ҳамин нотамом монд. Як ширкати эронӣ як қисми корҳоро анҷом дод, вале аз ҷониби Вазорати умури хориҷаи Эрон маблағ нарасид ва онҳо низ корро ба охир расонида натавонистанд", — гуфт вай.

Боре, Шералӣ Ганҷалзода, муъовини вазири таробарии ҶТ дар ҳошияи ин нишаст гуфтааст, ки масъаларо бояд сарони кишварҳо баррасӣ кунанд, вагарна "дар ин сатҳ, ки идома дорад, муваффақ нахоҳад шуд ва ин тарҳ амалӣ намешавад".

Ба гуфтаи вай, иллати дигари амалӣ нашудани ин тарҳ тавофуқ ҳосил накардани Эрону Чин дар ин замина будааст.

Роҳи оҳани Чин — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон ду ҳазор килуметр дарозо дошта, ки 580 килуметр аз он мебоист аз қаламрави Тоҷикистон бигзарад. Бар асоси гузориши коршиносон, сохтусози ҳар як килуметр аз ин оҳанроҳ 8 — 10 милюн дулор ҳазина дорад.

Лентаи хабарҳо
0