Нахустин Ҳамоиши миллии камтавонони Тоҷикистон фардо оғоз ба кор мекунад

Обуна шудан
Ҳадаф аз баргузории Ҳамоиши миллӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ва сохторҳои давлатӣ ба масоилу мушкилоти камтавонон (маъюбону маълулон) гуфта шудааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Нахустин Ҳамоиши миллии камтавонони Тоҷикистон 25 — 26 октябр дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ин ҳамоиш бо ибтикори Бунёди ёрӣ ба кӯдакони камтавон "НЕКӢ" дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи миллии камтавонони Тоҷикистон ва Созмони камтавонони шаҳри Душанбе "ИМКОНИЯТ" баргузор мешавад.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакони камтавону бенаво аз Эмомалӣ Раҳмон идӣ дарёфт карданд

Бунёди «НЕКӢ» хабар дода, ки ин ҳамоиш дар чорчӯби барномаҳои Соли ҷавонон ва бо шиори «Ягонагӣ неруи  мост» баргузор мешавад ва дар он ҷавонони камтавон аз ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ва сохторҳои давлатӣ ба масоилу мушкилоти камтавонон, огаҳирасонӣ аз ҳуқуқу мушкилоти маъюбону маълулон, дастгириву пуштибонии иҷтимоии онҳо ба висаилаи ширкаташон дар барномаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0