Кӯдакони камтавону бенаво аз Эмомалӣ Раҳмон идӣ дарёфт карданд

© Фото : Пресс служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи иди Фитр ба кӯдакони бенавову камтавон идӣ ҳадя кард

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз Мактаб-интернати ёрирасони шумораи 3 дар ноҳияи Сино боздид ва бо дастпарварону омӯзгорони он гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Дафтари иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, дар ин дидор дастпарварону мураббиёни Хонаи кӯдакони синни томактабии ноҳияи Фирдавсӣ низ ширкат доштанд.

Раисҷумҳур ба 100 тан аз донишомӯзони мактаб-интернати ёрирасон ва 101 тан аз дастпарварони Хонаи кӯдакон пӯшоку пойафзору дигар кумакҳои моддӣ тақдим кард.

Дар раванди ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҶТ супориш дод, ки барои Мактаб-интернати ёрирасон сохтмони нави чаҳорошёна бо 300 ҷой сохта шавад.

Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 соли 1968 бунёд шуда, дар он барои тарбияву ҳунаромӯзии 100 кӯдаки камтавону дорои норасоиҳои модарзод шароити лозим фароҳам карда шудааст.

Ин омӯзишгоҳ дорои толори варзишӣ, коргоҳи коромӯзӣ, утоқҳои роёна (компютер), осебшиносӣ (дефектология), гуфтордармонӣ (логопедия), бунгоҳи пизишкӣ ва ошхона аст. Дар ин мактаб 26 омӯзгор кор мекунад. Донишомӯзон дар ин мактаб ҳам омӯзишу парвариш меёбанд ва ҳам зиндагӣ мекунанд.

Дастпарварони ин омӯзишгоҳ бо пуштибонии давлати Тоҷикистон дар олимпиадаҳои махсуси варзишӣ ширкат мекунанд. Аз ҷумла, 6 донишомӯзи он дар мусобиқаҳои камтавонон дар Юнону Австрия дар риштаҳои даву майдонӣ ширкат карда, 6 медоли тилло ва 7 медоли нуқра ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0