ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон тахриби сохтмонҳои торихӣ дар маркази шаҳри Душанбе оғоз шудааст. Қарор аст ба ҷои онҳо сохтмони бузурги ниҳодҳои кишвардорӣ сохта шавад. Ин сохтмон бо воме, ки аз Чин гирифта шуда, бунёд карда мешавад.
Тахриби ду сохтмони тоқдори торихӣ дар бахши марказии пойтахти Тоҷикистон, ки қадимтарин сохтмонҳои Душанбе ҳастанд, бо вокуниши шаҳрвандон ва коршиносони тоҷик рӯбарӯ шуд.
Ин сохтмонҳоро "хонаҳои ленинградӣ" меноманд. Онҳоро дар солҳои 1930-ум Николай Баранов тарроҳӣ карда буд, ки дертар нақшаи куллии шаҳрсозии Ленинградро такмил карда буд.
Торихнигори тоҷик Ғафур Шерматов дар бора дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои 1920-ум сохти шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон аз сифр оғоз шуд ва аз ин рӯ, барои ба шаҳру маркази як кишвар табдил шудани рустои Душанбе чанд насл аз меъморон, муҳандисон ва коршиносон заҳмат кашидаву фаъолият кардаанд.
Вай аз ин ки имрӯз сохтмонҳои торихии он даврон тахриб мешаванд, афсӯс мехӯрад: "Бештари сохтмонҳои торихии шаҳри Душанберо меъморони рус аз шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) тарроҳӣ кардаву сохтаанд, аммо акнун ба баҳонаи эҳдоси сохтмони ҷадиди парлумон ва ҳукумат бо сармоягузории Чин, ин ҳама ёдгориҳо вайрон мешавад".
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, низ муътақид аст, ки дар баҳси миёни мухолифони тахриби сохтмонҳои торихӣ ва мувофиқони ин иқдом, навгароён пирӯз шудаанд, зеро мақомоти аршади сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ҳама ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумат ва Маҷлиси намояндагон, дар як сохтмон ҷойгир шаванд.
Ба гуфтаи Маҳмадазимов, бо таваҷҷуҳ ба ин тасмим, имзои туморе барои нигаҳдошти ин сохтмонҳои торихӣ аз сӯи мардуми шаҳри Душанбе ба ҷое нарасид.
Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт, дидани ин ҳама тахрибҳо барои насли бузургсоли сокини шаҳри Душанбе, ки шоҳиди рушду тавсеаи пойтахти Тоҷикистон будаанд, дардовар аст.