ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҷумҳурии Халқи Чин барои сохтусози бунгоҳи Маҷлиси Тоҷикистон 1,5 милёрд юан (230 милюн дулор) ироа мекунад.
Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА бо истинод ба манбае дар Ҳукумати кишвар иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад кумаки боимтиёз дар чорчӯби тавофуқномаи ҳукуматҳои ҶТ ва Чин дар бораи ҳамкории фаннӣ ва иқтисодӣ ироа карда мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Халқи Чин 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расонд. То ин замон беш аз 200 санад равобити ҳамкории ду кишварро танзим мекард.