Тоҷикистон ва Покистон ҳамкории иқтисодиву тиҷориро густариш медиҳанд

© Торгово промышленная палата РТПресс-конференция по итогам деятельности Таджикистан за 1-ю половину 2017 года
Пресс-конференция по итогам деятельности Таджикистан за 1-ю половину 2017 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фардо дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бозаргонҳову корофаринони Тоҷикистону Покистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳамоиши бозагонҳову корофаринони Тоҷикистону Покистон бо ҳадафи тақвияти ҳамкории  иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармоя, пайдо кардани шарикон ва таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидотӣ баргузор мешавад.

Ин ҳамоишро Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон баргузор мекунад. Дар ин ҳамоиш ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон, ки  дар бахшҳои энержӣ, сохтмон, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва дорусозӣ фаъолият доранд, ширкат мекунанд.

Мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Покистон

Ин ҳамоиш дар паи дидори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн барпо мешавад, ки 18 сентябр дар Ишқобод баргузор шуда буд.

Дар он дидор сарони ду кишвар хостори афзоиши гардиши коло ва беҳбуди кори Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Гурӯҳи муштараки энерживу зерсохтор шуда буданд.

Ҳамчунин раҳбарони Тоҷикистон ва Покистон хостори рушду тавсеъаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар заминаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу таробарӣ, энержӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқобии хурду миёна ва хаттҳои интиқоли барқ, санъати коркарди маъданҳо, кишоварзӣ, амнияту дифоъ ва фарҳанг шуда буданд.

Интизор меравад, ки ин ҳамоиш дар ин заминаҳо пешрафте дар пай хоҳад овард.

Лентаи хабарҳо
0