ДУШАНБЕ, 18 сен- Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
"Мо аз раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ изҳори қаноатманди менамоем", — гуфтааст раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки барои таҳкими бештари равобити ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунҷанба мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо оиди азму ниятҳои муштарак барои дар оянда афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва тақвияти кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Гуруҳи муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор таъкид кардаанд.
Ҳарду ҷониб барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу нақлиёт, энергетика бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ, саноати коркарди маъданиҳои куҳӣ, кишоварзӣ, амнияту мудофиа ва фарҳанг омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намудаанд.