ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳунармандони тоҷик имрӯз субҳ барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон ба шаҳри Тошканд рафтанд.
Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳайъати фарҳангиву ҳунарии Тоҷикистонро, ки 44 касро дар бар мегирад, муовини вазири фарҳанги ҶТ Ибодулло Машраб раҳбарӣ мекунад.
Маросими оғози расмии барномаҳои Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон 11 октябр дар Намоишсарои бузурги Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошкканд баргузор мешавад.
Ҳамзамон дар Намоишгоҳи ҳунарҳои тасвирии Узбакистон намоиши акси "Тоҷикистони муосир" ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад.
Барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон ҳамчунин намоишгоҳи "Китобҳои Тоҷикистон" ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши ду филми ҳунарии коргардон Носир Саидов "Қиёми рӯз" ва "Муаллим"-ро дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин барнома ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хершед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов ва ансамбли овозадори «Зебо» дар назар аст.
Ёдоварӣ мекунем, ки аз 9-ум то 13-ум май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон баргузор шуда буданд.