Пуштибонӣ аз Толибон барои Русияву Эрон чи суде дорад?

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкПервый этап вывода советских войск из Афганистана
Первый этап вывода советских войск из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири дифоъи Амрико Ҷеймс Маттис чанде пеш Эрону Русияро муттаҳам ба пуштибонӣ аз ҷунбиши "Толибон" дар Афғонистон карда буд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эрону Русия аз Толибон дар Афғонистон пуштибонӣ карда ва барои он силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ ирсол мекунанд, ки пайомадҳои манфӣ барои ин ду кишвар хоҳад дошт, гуфта буд Ҷеймс Маттис. Аммо Русия ва Эрон борҳо ин иттиҳомотро бепоя хондаву радд кардаанд.

Хабарнигори Sputnik Эрон аз Фарзод Рамазонии Буниш, коршиноси масоили Афғонистон, пурсид, ки оё Русия ва Эрон воқеъан аз Толибон пуштибонӣ мекунанд ва чи манофеъеро бо ин кор дунбол мекунанду чи суде барояшон меоварад?

Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Амрико бо иттиҳом задан ба Русия мехоҳад шикасташ дар Афғонистонро пардапӯш кунад

"Агар ба масоили як соли гузашта нигоҳ кунем, мебинем, ки Русия талош карда, ки тариқи маҳофили расмӣ ва ғайрирасмӣ иртиботе бо Толибон дошта бошад. Ин иртибот гоҳе бо иттилоъи мақомоти расмии Афғонистон буда ва гоҳе низ аз маҳофиле, ки мадди назари Русия будааст", — гуфт ин коршинос.

Вай афзуд: "Бардоште, ки мақомоти амрикоӣ ва гоҳе давлати Афғонистон аз ин иртибот доранд, аз ду ҷанба метавонад мадди назар ва мавриди баррасӣ қарор гирад. Аз як сӯ давлати Афғонистон муътақид аст, ки ин раванди равобит бояд аз канали давлати Кобул ва бо мулоҳизоти бештаре барқарор шавад. Аммо мақомоти Русия ин равобит бо Толибонро дар ҷиҳати афзоиши субот ва муқобила бо ҷараёнҳои тундраве чун "давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои такфирӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунанд ва онро хилофи манофеъ ва амнияти миллии Афғонистон намедонанд, балки баръакс, онро ба гунае ҳамсӯ бо манофеъи Русия ва Афғонистон мешуморанд".

Боевики террористической организации Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толибон: ҳаргиз бо ДОИШ ҳамсӯ намешавем

"Ин амр ба дилхоҳи мақомоти Амрико набуда ва онҳо бар ин боваранд, ки Русия аз назари низомӣ, таслиҳотӣ, амниятӣ ва иттилоъотӣ ба Толибон кумак мекунад. Ҳамингуна нигоҳ дар мавриди Эрон ҳам сидқ мекунад ва Эронро низ муттаҳам ба пуштибонӣ аз Толибон мекунанд. Мақомоти Амрико ва ҳатто бархе аз таҳлилгарони ғарбӣ бар ин боваранд, ки Русия ва Эрон ба ҳимоят аз Толибон пардохта то дар саҳнаи ҷуғрофиёии Афғонистон ҳузуру нуфузи худро афзоиш диҳанд ва аз Толибон чун бозигари қудратманд дар Афғонистон дар баробари Амрико ва манофеъаш истифода кунанд", — тавзеҳ дод Рамазонии Буниш.

Вай дар идома афзуд: "Ончи мушаххас аст, ин аст ки дар вазъияти кунунӣ, раванди интиқоду мухолифатҳои Амрико бо афзоиши бозигароне чун Эрон ва Русия дар саҳнаи дохилии таҳаввулоти Афғонистон ва нигоҳ ба Толибон афзоиш ёфта ва ин амр бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҳузури Толибон дар манотиқи мухталиф, ДОИШ дар манотиқе дигар ва ҳамчунин афзоиши таҳдидҳои амниятӣ бар НАТО ва Амрико, ки дар саҳнаи ҷуғрофиёӣ ва майдонии Афғонистон вуҷуд дорад, метавонад мавриди назар ва баррасӣ қарор гирад".

Посол Афганистана Абдул Каюм Кочай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон аз Русия кумаки низомӣ мехоҳад

"Амрико Русияву Эронро пештар низ муттаҳам ба пуштибонӣ аз Толибон мекард. Ин мавзуъро метавон ба гунае "андохтани тӯп дар майдони Русия" донист то вокунишашро пайгирӣ кунанд. Ҳамчунин метавон ин иттиҳомотро бархоста аз мушкилоте донист, ки дар равобити Толибон ва Амрико дар Афғонистон сар задаанд. Наметавон аз ин нукта ҳам гузашт, ки Амрико мухолифи афзоиши ҳузури геополитикии Эрону Русия дар Афғонистон ҳаст ва аз ин бим дорад, ки Теҳрон ва Маскав бо рӯйкарди ҳамоҳанг ва ё ҷудогона бо бозигарони дохилии Афғонистон иртиботи муассиру бештаре ба даст оваранд ва аз ҳузуру нуфузи Амрико дар Афғонистон бикоҳанд", — гуфт ин коршинос.

Фарзод Рамазонии Буниш дар поён гуфт: "Ончи мушаххас аст, ин аст ки афзоиши иртиботи Толибон бо Русия метавонад ҳаддақалл аз як манзар муассир бошад ва он кумак дар раванди миёнҷигарӣ миёни давлати Афғонистон ва Толибон ва ҳатто ҳалли масъалаи Афғонистон бошад".

Лентаи хабарҳо
0