ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдуллобин Зойид Оли Наҳёнро ба ҳузур пазируфт.
Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар гузориш медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳамаи соҳаҳо аст.
Тавре дар гузориш қайд мешавад, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, рушду муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ҳамин замина таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳи бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистонро барасӣ карданд.
"Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид",- гуфта мешавад дар хабар.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир ҳамфикрӣ баён карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.