Хонаводаи Муборак Одинаева беҳтарин оилаи китобдори Тоҷикистон эълом шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкКнижная выставка, архивное фото
Книжная выставка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон китобхонони беҳтарин ва беҳтарин оилаи китобдор муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанг рӯзи панҷуми октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев  ҷамъасти Озмуни ҷумҳуриявии "Библиомарафон" таҳти унвони "Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ" баргузор гардид. 

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода оғоз гардида, ғолибон ва иштирокчиёни озмун қадрдонӣ гардиданд.

Шоҳҷоизаи озмун насиби Қурбоной Муқимова аз шаҳри Турсунзода гардид, ки беҳтарин хонанда дониста шуд. Ҷои якумро байни хонандагон Тоҷинисо Умарзода аз шаҳри Ҳисор ба даст овард. Ҷои дуввум насиби Омина Рустамова аз шаҳри Кулоб ва Мафтуна Норматова аз шаҳри Хуҷанд гардид. Фарзона Сафарова аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва Рисола Раҳимова аз шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюми озмун дониста шуданд.

"Байни оилаҳои беҳтарини китобдор ҷои якум насиби Муборак Одинаева аз ноҳияи Варзоб гардид. Ҷои дуввумро Мирзораҳим Шоҳрухов аз шаҳри Роғун ва ҷои сеюмро Адҳамҷон Давлатов аз ноҳияи Тоҷикобод ба даст оварданд", — омадааст дар хабарнома.

Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи Рӯдакӣ чӣ медонем?

Пас аз маросими туҳфасупорӣ барномаи ҷолиби консертӣ манзури  ҳозиин гардид.

Озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон миёни муҳассилини муассисаҳои таълимию хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифт.

Ҳадаф аз баргузории он ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Лентаи хабарҳо
0