Садамаи нақлиётӣ дар Конибодом: ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид

© Стас ЭтвешМашина скорой помощи в России, архивное фото
Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанда ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста, Аҳад Ҷӯраевро пахш кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар шимоли Тоҷикистон, дар шаҳри Конибодом дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ марди 44-солае кушта шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, 16 октябри соли ҷорӣ тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи худрави "Опел-Астра",Усмон Зокирови  35-сола,  сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви ноҳияи Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, шаҳрванд Аҳад Ҷӯраеви 44-соларо,  ки дар роҳи мошингард қарор дошт, пахш намудааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0