Гумруки Тоҷикистон "Файзимоҳ"-ро муттаҳам ба қочоқи коло аз Чин кард

Обуна шудан
Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе анбори колоҳои қочоқӣ аз Чинро пайдо кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Хадамоти гумруки ҶТ, мудири ширкати маҳдудмасъулияти "Файзимоҳ" муттаҳам ба қочоқи колоҳои ниёзи мардум, дастгоҳу таҷҳизот, пӯшок ва дигар колоҳо аз Чин шудааст.

Таможенный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Дафина Алайф" аз гумрук нагузашт

Кормандони гумрук ошкор кардаанд, ки мудири ин ширкат бо чанд тан аз мансабдорони ваколатдор ҳамдаст шуда, бореро, ки аз Чин меовардааст, аз дидбонгоҳи гумрукии «Қулма» дар ноҳияи Мурғоб аз марз қочоқ мекарда ва сипас онро дар анборҳое дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мекардааст.

Дар ин анборҳо, ки дар кӯчаи Кофарниҳон, 78/2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷой доранд, кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба арзиши куллии 1 милюну 632 ҳазору 754 сомонӣ колои қочоқӣ ёфт шудааст.

Хадамоти гумруки ҶТ мудири ширкати маҳдудмасъулияти "Файзимоҳ" ва ҳамдастонашро муттаҳам ба қонуншиканӣ аз рӯи моддаи 289 қисми 2 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон карда ва барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардааст.

© ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РТСклад контрабандных товаров из Китая
Склад контрабандных товаров из Китая - Sputnik Тоҷикистон
Склад контрабандных товаров из Китая

Лентаи хабарҳо
0