"Дафина Алайф" аз гумрук нагузашт

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкТаможенный пост, архивное фото
Таможенный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Хадамоти гумрук ва Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз қочоқи 1340 дастгоҳи пизишкии чинӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Хадамоти гумруки ҶТ, дар паи баргузории амалиёти муштараки гумрукиён ва кормандони Ожонси мубориза бо фасод дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз бордони худрави бории "ДЭУ Лабо" 1340 адад дастгоҳи пизишкии сохти Чин "Дафина Алайф" ёфт шуд.

Ин худрав аз они яке аз аҳолии ҳамин ноҳия буда ва ронанда мехоста ин теъдод дастгоҳро, ки гӯё аз шаҳрванди ношинохтае дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров харидааст, бе тархис аз гумрук бигзаронад.

Кормандони гумрук ин қасди ронандаро "қочоқ" дониста ӯро муттаҳам ба нақзи моддаи 597 Қонуни тахаллуфоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0