Раҳбарони Курдистон барои ҷудоӣ аз Ироқ бо Русия ройзанӣ мекунанд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкМитинг сторонников независимости Иракского Курдистана
Митинг сторонников независимости Иракского Курдистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони иқлими Курдистон то поёни имсол барои баррасии ҳамапурсии истиқлол аз Ироқ ба Маскав сафар мекунанд

Мухаммед Джавад Зариф . Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Эрон ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқро "иштибоҳи бузург" мешуморад
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раҳбарони иқлими Курдистон қасд доранд бо панҷ кишвари узви Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид, аз ҷумла Русия, дар бораи ҳамапурсии истиқлол аз Ироқ ройзанӣ кунанд. 

Рӯзномаи русии "Известия" аз қавли сухангӯи Намояндагии Курдистони Ироқ дар Русия афзудааст, ки дидор аз Русия ва мулоқот бо раисҷумҳур Путин яке аз муҳимтарин барномаҳо дар ин сафар аст.

"Раҳбарони Курдистон, аз ҷумла нахуствазир Нечирвон Борзонӣ, вазири равобити хориҷӣ Мустафо Фаллоҳ ва эҳтимолан раисҷумҳур Масъуд Борзонӣ, ки бо ҳайъате ба Маскав сафар хоҳанд кард, дар назар доранд, ки мавзуъи пазириши натоҷи ҳамапурсии ҷудоӣ аз Ироқ ва ҳамкорӣ бо Русия дар заминаи энержиро бо раҳбарони Русия баррасӣ кунанд", — гуфтааст Мустафо Донор.

Дар Маскав музокирот бо курдҳоро хушбинона арзёбӣ кардаанд. Яке аз дипломатҳои баландпояи Русия дар суҳбат бо "Известия" таъйид карда, ки Маскав омода аст ҳайъати курдиро бипазирад ва мавзуъҳои гуногунеро баррасӣ кунанд.

"Курдҳоро пеш аз ин ҳам дар Маскав хуш мепазируфтанд ва ҳамакнун ҳам омода ҳастанд бипазиранд. Аммо баъид аст, ки аз истиқлолашон пуштибонӣ кунанд. Эҳтимолан, инҷо ҳам чун дар дигар кишварҳо курдҳоро мутақоид хоҳанд кард, ки бо Ироқ музокира кунанд. Вале мо омода ҳастем, ки масоили ҳамкориҳои дусӯяро баррасӣ кунем", — гуфтааст мусоҳиби "Известия".   

Ёдовар мешавем, ки Курдистон 25 сентябр ҳамапурсии ҷудоӣ ва истиқлол аз Ироқро баргузор кард. Ин ҳамапурсӣ бо мухолифати шадиди Амрико, Ироқ, Эрон, Туркия, Сурия ва дигар кишварҳо рӯбарӯ шуд.

Лентаи хабарҳо
0