ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Зариф аз ёрии Эрон ба Курдистон дар баробари ҳамлаҳои ДОИШ ёдоварӣ шудаву таъкид карда, ки Теҳрон бар ин бовар аст, ки ҳамапурсии истиқлол аз Ироқ "иштибоҳи роҳбурдӣ" аст.
"Кишварҳои минтақа ва хориҷ аз он дидгоҳи муштараке ба хатароти тамоилоти ҷудоихоҳона доранд, чаро ки онҳо на нуқтаи поёни даргирӣ, балки оғоз даргирӣ хоҳанд шуд. Ин кор ба суди мардуми курд нахоҳад буд", — гуфтааст Зариф.
"Мо дӯстони ҳамешагии мардуми курд будаем ва дар мароҳили гуногун ба кумакашон шитофтаем. Акнун Ироқ як раисҷумҳури курд дорад ва барои мо муҳим аст, ки тамомият арзӣ ва ҳамбастагии Ироқ нигаҳ дошта шавад. Бо гуфтугӯву созиш метавон масоилро ҳалл кард", — афзудааст вазири умури хориҷии Эрон.
Ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқ бо ширкати 3,4 милюн раъйдиҳанда баргузор шуд, ки дар он 91,83 дарсад аз курдҳо хостори истиқлол шуданд.