Муфтии Маскав: дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон гурӯҳи ифротгарои наве шакл мегирад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкГлава Духовного собрания мусульман (ДСМ) России муфтий Москвы Альбир Крганов, архивное фото
Глава Духовного собрания мусульман (ДСМ) России муфтий Москвы Альбир Крганов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯзҳо дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон гурӯҳи нави тундраву ифротии "Хуросон" дар ҳоли шакл гирифтан аст, мегӯяд раиси Ҷамъияти динии мусулмонони Русия муфтӣ Албир Қурғонов

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Муфтии шаҳри Маскав Албир Қурғонов аз хатари ифротгаро шудани муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ва таҳдидҳои гурӯҳи нави теруристие, ки дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон ташаккул меёбад ҳушдор медиҳад.

Боздошти аъзои гурӯҳҳои тундгаро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Давлати исломӣ” амири Хуросонро таъин кард

"Мутаассифона шоҳиди ифротӣ шудани муҳоҷиронамон ҳастем. Ин раванд чандин далел дорад, ки яке аз онҳо бегумон таблиғоти ифротгароён дар миёни ин шаҳрвандон аст, ки бисёр осебпазиранд", — гуфт муфтӣ Қурғонов дар нишасти расонаӣ дар хабаргузории "Россия сегодня".

Вай гуфт, ки Ҷамъияти динии мусулмонони Русия барои мубориза бо ифротгароӣ дар миёни муҳоҷирон бо Узбакистон ҳамкории ҷиддӣ роҳандозӣ карда, аз ҷон ҷумла бо муфтиёти он кишвар қарордоди ҳамкорӣ имзо шуда ва тарафи узбакӣ ҳам аз ифротгарову терурист шудани шаҳрвандон бо ҳар роҳу чорае пешгирӣ мекунад. Вале Тоҷикистон дар ин замина камкорӣ мекунад, гуфт ӯ.

"Аз Тоҷикистон дар Русия муҳоҷир бисёр аст. Имрӯзҳо дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон "Хуросон" ном гурӯҳи нави тундраву ифротие дар ҳоли шакл гирифтан аст, ки чандин ҳазор ҷангҷӯ дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бисёр осебпазир аст, эҳтимоли ин хатар кам нест, ки он ифротиён бо бисёре аз тоҷиконе, ки дар Русия муҳоҷиранд, пайванд ёбанд. Аз ин рӯ, мо кӯшиш дорем ҳам бо муфтиёти Тоҷикистон ва ҳам бо дигар сохторҳо ҳамкорӣ меҷӯем", — гуфт муфтӣ Қурғонов.

"Аммо, мутаассифона, мусулмонони Русия то кунун аз ниҳодҳои тоҷикӣ таваҷҷуҳ ва посухи муносибе дарёфт накардаанд", — таъкид кард вай.

Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ: пуштибонӣ аз Толибон роҳи мубориза бо ДОИШ дар Афғонистон нест

"Дар ин замина бояд ҳамкорӣ кард ва бояд ниҳодҳои тоҷикӣ худ ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд. Ифротӣ шудани муҳоҷирон ба зиёни мост, заро пеш аз ҳама ба амнияту субот дар ҷомеъа ва кишвари мо хатар дорад. Ин масъаларо ниҳодҳои Тоҷикистон бояд дарк кунанд, аз ин рӯ, сафорату дигар ниҳодҳои он кишвар, ки дар Русия кору кунише доранд, бояд дар ин замина ҷиддитар кор кунанд. То кунун мо чунин коре аз онҳо надидаем", — гила кард Қурғонов.

Вай эҳтимол медиҳад, ки гурӯҳи "Хуросон" ҷойгузини созмони теруристии "Давлати исломӣ" хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0