“Давлати исломӣ” амири Хуросонро таъин кард

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкБоздошти аъзои гурӯҳҳои тундгаро. Акс аз бойгонӣ
Боздошти аъзои гурӯҳҳои тундгаро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарияти гурӯҳи тундгаро амири худ дар манотиқи Хурсонро, ки ба ақидаи онҳо, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Ҳинд ва Покистонро дарбар мегирад, таъйин кард.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" Ҳофиз Саид Хон, фармондеҳи як бахши гурӯҳи покистонии "Таҳрики Толибон"-ро амири Хуросон, ки ба он Тоҷикистон низ шомил мешавад, таъйин кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба иттилоъи Озодӣ, дар ин бора сухангӯйи "Давлати исломӣ" Абу Муҳаммад Ал-Аднонӣ дар муроҷиати видиеоӣ, ки дар шабакаи интернет пахш шуд, хабар додааст.

Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”

Ҳофиз Саид Хон, ки ба симмати амир таъйин шудааст, дар гузашта фармондеҳи як ҷузъи гурӯҳи покистонии "Таҳрики Толибон" буд, ки дар авохири соли гузашта ба "Давлати исломӣ" қасам ёд кард. Вай дар бахши покистонии Толибон амири минтақаи Орақзай дар шимолу ғарби Покистон буд. Хабар дода мешавад, ки дар суфуфи "Давлати исломӣ" Ҳофиз Саид Хони 42-сола мудири бахши корҳои ин созмон буд.
Ҳамзамон, ба гуфтаи сухангӯйи "Давлати исломӣ", хабар медиҳад Озодӣ, раҳбари созмон Абу Бакр ал-Бағдодӣ ба вазифаи муовини амири Хуросон Мулло Абдул Рауф Хадимро таъйин кардааст, ки дар гузашта низ аз фармондеҳони Толибон буд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки гурӯҳе аз собиқ аъзои Толибон, ки ба "Давлати исломӣ" гузаштаанд, Шӯрои Хуросонро ташкил кардаанд.
Дар навори ҷадиди видеоӣ, ки дар он аз таъини амир иттилоъ дода мешавад, сухангӯйи "Давлати исломӣ" изҳор дошт, ки ин созмон дар манотиқи Хуросон фаъолияти худро тавсеъа медиҳад.

Хуросон дар харитаи ин созмон аз куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0