ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2017 дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Беҳтарин маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ" гузаронида мешавад.
Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд аз 9 октябри соли 2017 ба тасвиб расидааст.
Гуфта мешавад, ки озмун аз бахшҳои зерин иборат буд: шоҳҷоиза ба маркази атласу адрасбофии беҳтарин, Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст (дар алоҳидагӣ 3 ҷой), Маркази таълимӣ-истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст (дар алоҳидагӣ 3 ҷой), Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд шогирд омода намудааст (дар алоҳидагӣ 3 ҷой) ва Сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф (дар алоҳидагӣ 3 ҷой).
Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни вилоятии "Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин" 10 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Ба ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахши "Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст" 7, 5 ва 3 ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ дода мешавад.
Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахши "Маркази таълимӣ-истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст-5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва як ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ тақдим мешавад.
Ба соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахшҳои "Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд шогирд омода намудааст" ва "Сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф" мутаносибан 7, 5 ва 3 ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ супорида мешавад.
Озмуни мазкур бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои адрасу атласи дастибоф, тарғиби сару либос аз матоҳои табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ гузаронида мешавад.