ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, 10 октябр дар шаҳри Хуҷанд дар кохи "Суғдиён" ҷашнвораи "Атласу адраси Хуҷанд — 2017" баргузор шуд.
Дар ин ҷашнвора муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раҳбарони шаҳри Хуҷанд, занону духтарони фаъоли шаҳр ва бархе аз тарроҳони пӯшок ширкат кардаанд.
Дар чорчӯби ин ҷашнвора озмуни либос дар бахшҳои "Пӯшоки миллии қадима", "Пӯшоки кӯдакона", "Пӯшоки расмӣ", "Пӯшоки идона" ва "Пӯшоки арӯсиву домодӣ" баргузор шуд ва ҳайъати доварон сару лисбосро аз дидгоҳи зебоӣ, тарҳи либос, нотакрорӣ, ғайримуқаррарӣ, тобишу обуранг, баҳрагирӣ аз ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёи ороишӣ, пардоз ва ғайра арзёбӣ карданд.
Барандагони ҷойҳои якум, дувум ва севум дар ин бахшҳо ҷоизаҳо дарёфт карданд.
Гуфта мешавад, ки ин ҷашнвора бо ҳадафи эҳёву тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзгордории мардуми тоҷик, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сару либос аз матои табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, рушди кори хонагӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоси миллӣ, зебоишиносӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо баргузор шудааст.