ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, шоми рӯзи 12 октябр Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ кардааст.
Ба иттилоъи манбаъ, дар оғози суҳбат амири Қатар ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори таслияту ҳамдардӣ баён намудааст.
Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат доир ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкори судманд анҷом додаанд.
Гуфта мешавад, ки суҳбат дар фазои самимият, дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардидааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 7 —уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи қалб бародари раисҷумҳури Тоҷикистон, Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз олам дар гузашт.
Нуриддин Раҳмон-бародари раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба уҳда дошт.