ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҷонибҳо оиди ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қатар ба мувофиқа расида, ҳашт созишномаи дигарро имзо карданд, хабар медиҳад хаадмоти матбуоти президенти ҶТ.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳар ду ҷониб рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоиро аз имконоти дигари густариши муносибатҳо маънидод карданд.
Пешниҳод гардид, ки як гуруҳи муштарак барои таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар бахши саёҳат таъсис дода шавад. Ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар бошад, иқдоми муассире дар самти тавсеаи имкониятҳои рафтуомади саёҳон хоҳад шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои вохурӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният;
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар;
Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ;
Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.
Бо ҳамин мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар бо натиҷаҳои муҳиму назарррас ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ба анҷом расиданд.