Тоҷикистон ба Қатар нерӯи корӣ мефиристад

© Фото : МИД РТВстреча Посла с Министром труда и социальных вопросов Катара
Встреча Посла с Министром труда и социальных вопросов Катара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоили роҳандозии ҳамкорӣ дар заминаи додуситади нерӯи корӣ дар дидори сафири Тоҷикистон ва вазири кору умури иҷтимоъии Қатар баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ба гузориши Вазорати умури хориҷии ҶТ, Хисрав Соҳибзода ва Исо ибни Саъд ал-Наимӣ ҳамчунин мавзуъҳои марбут ба имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои ду кишвар дар заминаи нерӯи кориро баррасӣ карданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардии амири Қатар бо раисҷумҳури Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки пешнависи Созишномаи байниҳукуматӣ дар заминаи нерӯи корӣ бо Давлати Қатар миёни вазоратҳои ду кишвар ҳамоҳанг шудааст ва феълан ҷониби Қатар расмиёти дохилидавлатиро барои таъйиди ин пешнавис оғоз кардааст. Дар наздиктарин рӯзҳо замону макони имзои ин созишнома эълом хоҳад шуд. Бар асоси ин созишнома ҳамчунин таъсиси абзорҳои иҷрои он ва ташкили кумитаҳои муштарак пешбинӣ шудааст.

Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки имзои созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Чанде пеш ҳам сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ масоили роҳандозии парвозҳо миёни Душанбе ва Қатарро баррасӣ карда буданд.

Амири Давлати Қатар дар ин дидор аз сатҳи олии равобити сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда ва рағбату алоқамандии Қатарро ба густариши беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон иброз намуд.

"Дар ин замина Амири Қатар бар зарурати идома ва татбиқи бомуваффақи тарҳҳои муштарак, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид кард. Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвари дӯст ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Давҳа низ зарур арзёбӣ гардид", — гуфта шуда буд дар гузориши ВУХ ҶТ.

Лентаи хабарҳо
0