ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ба гузориши Вазорати умури хориҷии ҶТ, ин нишаст ба раёсати раҳбарони тоҷику лаҳистонии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ — муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод ва муовини вазири рушди Лаҳистон Тадеуш Косчинскӣ баргузор шуд.
"Дар рафти кори Комиссияи байниҳукуматӣ вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Полша мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо раванди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманди ҳарду кишварро мусбат арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки иқтидори бузурги имкониятҳо ҳанӯз ҳам пурра истифода нагардидааст", — гуфта мешавад дар гузориш.
Ду кишвар қарор доданд, ки чораҳое барои фаъол кардани ҳамкориҳо дар заминаҳои нерӯ, санъат, нақлиёт, кишоварзӣ, бонкдорӣ, илм ва маориф ва гардишгарӣ ҷуста шаванд.
Умед Давлатзод ва Тадеуш Косчинскӣ Протоколи панҷумин ҷаласаи Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии далавтҳои Тоҷикистону Лаҳистонро имзо карданд.