Дар Душанбе Ҷашнвораи сеюми филмҳои Лаҳистон баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевКинотеатри "Ҷомӣ". Акс аз бойгонӣ
Кинотеатри Ҷомӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чорчӯби ин барномаи фарҳангӣ намоиши рӯзона ва шабонаи филмҳои мухталифи Полша сурат мепазирад.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Фестивали филмҳои лаҳистонӣ имрӯз, 11 июн дар кинотеатри "Ҷомӣ" ва киностудияи "Тоҷикфилм" оғоз гардида, то 13 июн идома меёбад.

Ифтитоҳи чорабинӣ дар кинотеатри "Ҷомӣ" баргузор шуда, аснои он ширкати намояндагони воломақоми вазорати фарҳанг ва ходимони санъати синамои Тоҷикистон, инчунин ҳунармандони Полша дар назар аст.

Ин шом филми мазҳакавии истеҳсоли Лаҳистон бо номи "Дӯст дор ва рақс кун" ба маърази тамошо гузошта мешавад.

"Филм дар бораи рӯзноманигори ҷавон нақл мекунад, ки дархости навиштани матлабро гирифтааст. Қаҳрамони дигари филм Войтек бошад, дар сохтмон кор мекунад. Ханя ба тӯйи арӯсӣ омодагӣ мебинад, Войтеки бинокор орзуи ёд гирифтани рақсро дар назди ҳунарманди маъруф Яна Катлер дорад. Шояд онҳо ҳеч вақт шинос намешуданд, агар рақс намебуд…",- нақл карданд ба таври мухтасар баргузоркунандагони ҷашнвора.

Ба ғайр аз ин намоиши рӯзона ва шомгоҳии филмҳои Лаҳистон аз қабили: "Аспи троянӣ чӣ қадар вазн дорад?" (филми мазҳакавӣ), "Ида" (драма), "Хоҳиши зиндагӣ кардан" (драма), "Осоишгоҳи Езёран" (драмаи ҷиноӣ) ба нақша гирифта шудааст.   

 

Лентаи хабарҳо
0