Рекеда: дар "Бошгоҳи Помир" масоили сармоягузорӣ ва забони русӣ баррасӣ хоҳанд шуд

© © Foto: СодружествоГенеральный директор Информационно-аналитического центра по изучению общественно-политических процессов на постсоветском пространстве при МГУ Сергей Рекеда
Генеральный директор Информационно-аналитического центра по изучению общественно-политических процессов на постсоветском пространстве при МГУ Сергей Рекеда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Майдони русӣ-тоҷикии гуфтугӯи "Бошгоҳи Помир" чанде пеш дар шаҳри Хоруғ роҳандозӣ шуда буд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Сергей Рекеда, мудири иҷроии Маркази иттилоъоту таҳлилӣ, гуфт, ки ин бошгоҳ ба навбат дар Хоруғ ва бархе аз шаҳрҳои Русия ва гоҳе низ чун видеоҳамоиш баргузор хоҳад шуд.

Сергей Рекеда о работе российско-таджикского "Памирского клуба"

"Ҳусни ин бошгоҳ дар ин аст, ки мавзуъҳо дар чорчӯби он дар гуфтугӯи зинда миёни коршиносон аз Русия ва Тоҷикистон баҳсу баррасӣ хоҳанд шуд. Дар мизи гирде, ки 4 октябр дар шаҳри Хоруғ бо мавзуъи "Помир — хостгоҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои роҳбурдии Русия ва Тоҷикистон" баргузор шуда буд, мавзуъҳои аслии баҳсу баррасии ин бошгоҳ мушаххас шуданд. Ин мавзуъҳо масоили сармоягузорӣ, забони русӣ ва мактабҳои русизабон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамкориҳо дар заминаҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ ҳастанд", — тавзеҳ дод вай.

Нахустин нишасти "Бошгоҳи Помир" дар авоили соли 2018 баргузор хоҳад шуд.  

Ёдовар мешавем, ки дар мизи гирди Хоруғ намояндагони ҳукумати ВМКБ, сафорати Русия дар Тоҷикистон, Маркази таҳқиқотии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, созмонҳои мардуминиҳод, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат карданд.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон дар "Бошгоҳи Помир" гуфтугӯ мекунанд

Дар он мизи гирд масоили ҳамкориҳои торихии Русия ва Помир, густариши равобити ҳуманиторӣ ва иқтисодӣ ва таҳкими дӯстӣ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин чорабинӣ, қарор дар бораи таъсиси майдони гуфтугӯии "Бошгоҳи Помир" ба тасвиб расид.

Русия омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои манотиқи гуногуни ин кишвар бо ВМКБ иброз дошт.

Ба гуфти ширкаткунандагони мизи гирд, қадами нахустин барои барқарор кардани ҳамкориҳо бояд азсаргирии ҳамкориҳои намояндагони илм, коршиносони ҷомеъа бошад.

Дар баробари ин дар ин дидор масъалаи таъсиси майдони гуфтугӯии "Бошгоҳи Помир" баррасӣ шуд, ки дар доираи он ҳамкорҳиои ВМКБ ва минтақаҳои Русия рушд дода хоҳад шуд.

Қайд мешавад, ки фаъолияти ин бошгоҳ аз ҷониби ҳукумати кишвар, вакилони парлумон ва намояндагони илму маориф дастгирӣ мешавад.

Ҳамчунин дар мизи гирд ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0