ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар ВМКБ Тоҷикистон дар мавзӯъи "Помир сарчашмаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои стратегии Русия ва Тоҷикистон" мизи гирд баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳукумати ВМКБ, сафорати Русия дар Тоҷикистон, Маркази таҳқиқотии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, созмонҳои мардуминиҳод, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат карданд.
Дар мизи гирд масоили ҳамкориҳои таърихии Русия ва Помир, рушди гуманитарӣ ва иқтисодӣ ва таҳкими дӯстӣ баррасӣшуд.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин чорабинӣ, қарор дар бораи таъсиси майдони ҳамешагии гуфтугӯии "Бошгоҳи Помир" ба тасвиб расид.
Ҷониби Русия омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои манотиқи гуногуни ин кишвар бо ВМКБ иброз дошт.
Ба гуфти ширкаткунандагони мизи гирд, қадами нахустин барои барқарор кардани ҳамкориҳо бояд азсаргирии ҳамкориҳои намояндагони илм, коршиносони ҷомеъа бошад.
Дар баробари ин дар ин дидор масъалаи таъсиси майдони муҳокимавии "Бошгоҳи Помир" баррасӣ шуд, ки дар доираи он ҳамкорҳиои ВМКБ ва минтақаҳои Русия рушд дода хоҳад шуд.
Қайд мешавад, ки фаъолияти ин бошгоҳ аз ҷониби ҳукумати кишвар, вакилони парлумон ва намояндагони илму маориф дастгирӣ мешавад.
Ҳамчунин дар мизи гирд ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоикистону Русия баррасӣ гардид.