Афғонистон аз Русия кумаки низомӣ мехоҳад

© Фото : Посольство АфганистанаПосол Афганистана Абдул Каюм Кочай, архивное фото
Посол Афганистана Абдул Каюм Кочай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо, Кобул ниёз ба кумаки низомии Пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дорад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Афғонистон аз Русия дархост дорад, ки дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир Кобулро ёрӣ расонад, гуфт сафири фавқулода ва мухтори Афғонистон дар Русия Абдулқаюм Кӯчай дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Самад Зафар: дар шаш моҳ 12 ҳазор бор қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд

Дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо, Кобул ниёз ба кумаки низомии Пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дорад.

"Мо мехоҳем, ки Русия Афғонистонро дар ин замина низ ёрӣ диҳад, аз ҷумла дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ниёз ба ҳамкории нерӯҳои Русия дорем, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд", — гуфт сафири Афғонистон.

Вай мегӯяд, ки Афғонистон барои ҳалли масоили муҳимме чун мубориза бо теруризм ва қочоқи маводи мухаддир ҳам ба ёрирасонии Русия ниёз дорад ва ҳам ба ёрии Амрико.

"Мо бисёр мутаассифем, ки ҷавонони бисёре дар Русия ва кишварҳои Урупои Ғарбӣ аз ин маводи мухаддир ҷонашонро аз даст медиҳанд", — афзуд Кӯчай.

Тавлиди ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз мушкилоти аслии Афғонистон аст. Ҳарчанд Амрико аз соли 2002 то имсол 8,5 милёрд дулор барои мубориза қочоқи бо маводи мухаддир аз Афғонистон ҳазина карда, вале ин кишвар ҳамчунон бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон аст.

Камар Джовид Баджвар с Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ҳамкориҳои низомиву амниятиро густариш медиҳанд

Бино ба додаҳои гузориши Бозрасии вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон (SIGAR), тавлиди афюн дар ин кишвар 10 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон яке аз мубрамтарин масоил барои Тоҷикистон низ ҳаст. Ҳар моҳ марзбонҳои тоҷик якчанд гурӯҳи қочоқбаронро дар марз бо он кишвар торумор ва дастгир мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0