Сипосгузорем: Раҳимзода дабири кулли Интерполро ба Тоҷикистон даъват кард

© Фото : МВД РТВстреча министра МВД Таджикистана с генеральным секретарём "Интерпол"
Встреча министра МВД Таджикистана с генеральным секретарём Интерпол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд ба дабири кулли пулиси байналмилали Интерпол Юрген Сток изҳори миннатдорӣ намуда, ӯро Тоҷикистон даъват кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодабо дабири кулли пулиси байналмилалии "Интерпол" Юрген Сток мулоқот кард.

Бино бар итилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Интерполро дар кофтукови ҷинояткорони  махсусан хавфнок ба итиқоли онҳо ба Тоҷикистон муҳокима карданд.

"Вазъияти ҷаҳони имрӯза аз мо тақозо менамояд, ки ба хатару таҳдидҳои замони муосир фаврӣ ва воқеӣ рафтор намуда, сатҳи ҳамкориҳоро дар ҷодаи амният ва бехатарӣ боз ҳам мустаҳкам намоем",- менависад манбаъ аз суханони Раҳимзода.

Сессия Генеральной Ассамблеи Интерпола - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати Рамазон Раҳимзода дар Маҷмаъи умумии Интерпол

Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобалан судманд дар доираи ташкилоти байналмилалии «Интерпол», мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷустуҷӯи шахсони дар кофтуков буда ва дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалӣ қарордоштаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дабири кулли полиси байналмилалии Интерпол Юрген Сток зимни сӯҳбат изҳор дошт, ки Бюрои Миллии Марказии Интерпол-и Вазорати корҳои дохилӣ яке аз фаъолтарин Бюро ба шумор рафта, дар мубориза бо ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми назаррас мегузорад.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд ба дабири кулли пулиси байналмилали Интерпол Юрген Сток изҳори миннатдорӣ намуда, ӯро Тоҷикистон даъват кард.

Мулоқоти мазкур дар доираи баргузории 86-умин маҷмаи умумии Интерпол дар шаҳри Пекин баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0