Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин: аз ҳамдардӣ то миннатдорӣ

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҷониби Русия барои гузаронидани маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош вуруди онҳо ба Русия манъ гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 11 окт— Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, ар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидор ва мулоқот кард.

Дар оғози мулоқот, Владимир Путин ба раисҷумҳури Тоҷикистон бинобар сабаби дар гузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори таслияту ҳамдардӣ кардааст.

Ба иттилоъи манбаъ, дар суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ кардаанд.

Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидор мекунанд

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, аз сатҳу сифати муносибатҳои дуҷониба дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

"Масъалаи таъмини бозорҳои Русия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар ин самт таъкид карда шудааст".

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки "мо аз иштироки ширкатҳои Русия дар азхуднамоии бойигариҳои зеризаминии Тоҷикистон истиқбол менамоем ва хостгори тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати сабук ва вазнин, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ мебошем".

Ҳарду ҷониб ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар ин росто раисҷумҳури Тоҷикистон аз раванди татбиқи мувофиқаҳои дар ин ҷода бадастомада изҳори қаноатманди намуда, аҳамияти ба Тоҷикистон расонидани 62 ҳазор китобҳои дарсӣ ба забони русӣ ва ба Тоҷикистон омадани аввалин гурӯҳи омӯзгоронро ҳамчун иқдоми нек таъкид кардааст

"Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҷониби Русия барои гузаронидани маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош вуруди онҳо ба Россия манъ гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуд", — омадааст дар хабарнома.

Маъракаи авф, ки моҳи апрели соли равон гузаронида шуд, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар қаламрави Русия ба расмият дароварданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили амниятиву мудофиавӣ, аз ҷумла, вазъи сиёсию низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0