ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ бо сарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков бо эъломи ин хабар гуфт, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон 10 октябр дидор хоҳанд кард.
"Қарор аст, ки дар ин дидор раҳбарони Тоҷикистон ва Русия масоили муҳими минтақаро баррасӣ кунанд", — тавзеҳ дод Ушаков.
Ёдовар мешавем, ки 10 — 12 октябр дар шаҳри бандарии Сочӣ нишасти Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд баргузор хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.
Дар нишасте дигар, ки 11 — 13 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, Шурои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд масоили ҳамкориҳои низомиро баррасӣ хоҳанд кард.
Қарор аст, ки дар ин нишаст ҳайъатҳои расмии вазоратҳои дифоъи Русия, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Укроин, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова ширкат кунанд.