ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар поёни ин нишаст, ки бо ширкати аксари раҳбарони кишварҳои ҳамсуд баргузор шуд, раёсат дар Кумитаи иҷроияи ИДМ барои соли 2018 ба Тоҷикистон вогузор шуд.
Қарор шуд, ки нишасти ояндаи сарони кишварҳои ҳамсуд октябри соли 2018 дар Душанбе баргузор шавад. Сарони кишварҳои ҳамсуд дар поёни ин нишаст Роҳкори подкуниш ё муқобила бо сармоягузории теруризмро тасвиб карданд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа соли 2019 "Соли китоб" ва соли 2020 "Соли 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузургӣ Меҳанӣ" эълом шуд.
Раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ҳамчунин Роҳкори мубориза бо фасод ва созишнома миёни Русия ва ИДМ дар бораи шароити қарор доштани Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо табаҳкориҳои созмонёфта дар қаламрави Русияро имзо карданд.