Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ-ро тавзеҳ дод

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон в Сочи
Президент РТ Эмомали Рахмон в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар соли 2018 бар Иттиҳоди давлатҳои мустақил раёсат хоҳад кард. Кишварҳои узви ИДМ дар ин сол низ ҳамчунон мубориза бо теруризмро идома ва ҳамкорӣ дар заминаи фанновариҳои энержинигаҳдорандаро густариш хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар нишасти Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Сочӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон Роҳкори раёсат дар ИДМ ва нақшаи иҷрои онро таҳия карда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм мегузорад.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин: аз ҳамдардӣ то миннатдорӣ

Дар ин Роҳкор тақвияти ҳамкориҳои кишварҳо дар заминаҳои иқтисоду энержӣ, саноат, таробарӣ ва зерсохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, кору муҳоҷират, башарӣ ва навоварӣ ва зистбумӣ аз самтҳои бартари ҳамгироии дуҷониба ва чандҷонибаи кишварҳои узви ИДМ барои давраҳои оянда арзёбӣ шудаанд. Дар ҳамин замина татбиқи Роҳбурди рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2022 ва Аҳдномаи минтақаҳои озоди тиҷорӣ махсус таъкид карда шуд.

Дар бораи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва амниятиву дифоъӣ дар доираи иҷрои Роҳкори ҳамкориҳои низомӣ-фаннии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ дар заминаи таҳкими амнияти марзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳамчунин ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи узвият дар СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи ширкаткунандагон дар ҷаласаи Шуро ҳамзамон ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими тавонмандиҳои марзбонӣ, мубориза бо теруризму ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ҷалб карда шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳайъатҳои ширкаткунада ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод дар масъалаи мубориза бо фасод, ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷмаъи байнипарлумонии ИДМ ва мутобиқсозии он ба таҳдидҳои муосир, эълон намудани соли 2019 — Соли китоб ва масъалаҳои вобаста ба раёсат дар иттиҳоду  муайян намудани макон ва торихи баргузори ҷаласаи навбатии Шурои Сарони кишварҳои узви ИДМ табодули афкор  намуданд.

Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои Сарони кишварҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва раёсат дар ИДМ дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0