Эрону Афғонистон дар мубориза бо маводи мухаддир ҳамдаст мешаванд

Обуна шудан
Эрон омодагии худро барои афзоиши ҳамкорӣ бо Афғонистон дар мубориза бо маводи мухаддир эълом кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Асадуллоҳ Ҳодинажод, муовини раиси Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон, омодагии Ҷумҳурии Исломиро барои афзоиши ҳамкорӣ бо давлати Афғонистон дар мубориза бо маводи мухаддир эълом кард.

Встреча Директора АКН с делегацией Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Афғонистон роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд

"Кишти хашхош дар Афғонистон афзоиш ёфтааст ва баробар бо он мизони тавлиди маводи мухаддир низ бештар хоҳад шуд", — гуфт Ҳодинажод имрӯз дар ҳошияи нишасти минтақаии мубориза бо маводи мухаддир дар Кобул.

Вай таъкид кард, ки кишварҳои Урупо ва Амрикои Шимолӣ бузургтарин бозорҳои маводи мухаддири Афғонистон ҳастанд ва маҳмулаҳои маводи афюнӣ аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба он кишварҳо қочоқ мешаванд.

Аҳмад Ҷовид Қоим, муовини вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ҳам гуфт, кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бояд барномаҳои миллии худро барои мубориза бо маводи мухаддир ҳамоҳанг кунанд ва барои мубориза бо ин табаҳкорӣ бояд ба тафоҳуми куллӣ даст ёбанд.

Дар нишасти дурӯзаи маводи мухаддир дар Афғонистон намояндагони 12 кишвари ҳамсоя ва минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Чин, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ширкат карданд.  

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш муовини вазири умури дохилаи Афғонистон бо мудири Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар дидоре дар Душанбе роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор ҳайъат намояндагоне аз Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва умури байналмилали Вазорати умури хориҷа (INL) ва Идораи мубориза бо маводи мухаддири Амрико (DEA) дар Афғонистон ва Маркази минтақаии иттилоъотии ҳамоҳангсозӣ дар Осиёи Марказиро низ ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0