Тоҷикистону Афғонистон роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд

Обуна шудан
Роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар дидори муовини вазири умури дохилаи Афғонистон бо мудири Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ин ниҳод, 18 сентябр ҳайъате аз намояндагони ВУД Афғонистон ба раҳбарии муовини вазир Бахтиёр Абдулхалил аз Ожонс боздиди расмӣ кард.

В районе Пянджского погранотряда на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонҳои Тоҷикистон аз қочоқи 64 килуграм маводи мухаддир пешгирӣ карданд

Ин ҳайъат намояндагоне аз Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва умури байналмилали Вазорати умури хориҷа (INL) ва Идораи мубориза бо маводи мухаддири Амрико (DEA) дар Афғонистон ва Маркази минтақаии иттилоъотии ҳамоҳангсозӣ дар Осиёи Марказиро низ дар бар мегирифт.

Мудири Ожонс сипаҳбад Шерхон Салимзода аз авзоъи вобаста ба маводи мухаддир, равандҳо ва пешбинии тағйиру таҳаввули онҳо, роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддир, вазъи табаҳкориву қонуншиканиҳои вобаста ба маводи мухаддир ва ҳамчунин сохтори Ожонс, ҳамкориҳо бо Вазорати умури дохилаи Афғонистон гузориш дод.

Дар ин дидор ёдоварӣ шуд, ки соли 2013 "Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" тасвиб шуда ва иҷро мешавад. Дар чорчӯби ин роҳбурд ва созишномаҳои дуҷониба ва чандҷониба Тоҷикистон бо сохторҳои қудратии Афғонистон ҳамкории судманд ба роҳ монда, танҳо дар ду соли ахир 27 амалиёти муштарак баргузор карда ва аз соли 2008 то кунун кормандони пулиси афғонро, ки бо маводи мухаддир мубориза мебаранд, омӯзиш медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0