ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии Русия роҳандозии раводид бо кишварҳои Осиёи Марказиро барои равобити созмандшудаи ин кишварҳо зиёновар мешуморад.
«Муҳоҷирон бо пуле, ки аз Русия ба кишварҳояшон мефиристанд, на танҳо хонаводаҳои худро дастгирӣ мекунанд, балки дар иқтисоди Русия низ саҳми чашмрасе мегузоранд. Заминаҳои воқеъӣ барои мушорикат, ниёз ба ёфтани созукорҳои беҳина ва равишҳои ҳалли муштараки мушкилоти рӯзовард шароите ҳастанд, ки равандҳои ташаккули минтақаи ҳамлу нақли озоди колоҳо ва хадамотро фароҳам меоваранд», — гуфт Карасин.
"Аз ин рӯ, роҳандозии раводид миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои равобити созмандшудаи миёни онҳо зиёновар аст", — таъкид кард муовини вазири хориҷа.
Бино ба додаҳои расмӣ то имрӯз 97 дарсади муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия мераванд. Тибқи иттилоъи бархе аз манобеъ, дар Русия аз 600 то як милюн тоҷикистонӣ кор мекунад.