Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз ёфт

© AP / Anvar IlyasovРақс, акс аз бойгонӣ
Рақс, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи рӯзҳои фарҳангии ҳамсоякишвар баргузории барномаҳои консертӣ, Рӯзҳои кинои Узбакистон ва намоиши аккосии Узбакистон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 10 май  — Sputnik.  Дируз  ҳайати расмӣ ва эҷодии  Узбакистон бо роҳбарии Муовини аввали Вазири фарҳанги Узбакистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳангиУзбакистон дар  Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омаданд.

Бино бар гузориши дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, меҳмононро Муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Машраб Ибодулло пешвоз гирифт.

Рӯзҳои фарҳангиии ҳамсоякишвар дар ҷумҳурӣ аз 9 то 13 майи соли 2017 идома ёфта, дар ин рӯзҳо баргузории барномаҳои консертӣ, намоиши синамо ва мусаввараҳо дар назар аст.

Барои иштирок дар ин чорабинӣ ҳунарпешаҳои машҳури Ӯзбекистон — Ғуломҷон Ёқубов, Севинч Мӯминова, Маҳмуд Намозов ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси "Ӯзбекистон" ба Тоҷикистон омаданд.

Рақс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон пас аз 25 сол фарҳангашро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад

Дар доираи рӯзҳо баргузории барномаҳои консертӣ, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон ва намоиши аккосии Ӯзбекистон дар назар аст.

Илова бар ин, имруз соати 11:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Роҳбари ҳайати расмии ҷониби Узбакистон ба шарафи Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Соати  14:00 дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон "Зебунисо" Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбакистон бо намоиши филми ҳунарии "Ота" (Падар) оғоз меёбад.

Шоми имруз бошад,  соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Меҳмонони чорабинӣ қабл аз оғози чорабинӣ метавонанд аз Намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии "Узбакистони муосир", ки дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта мешавад, баҳра бардоранд.

11 майи соли 2017 сафари иштирокчиёни рӯзҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст. Ин рӯз барномаи консертии ҳунарпешагони Узбакистон барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа манзур мегардад.

Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон 12 майи соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0