Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти Сарони кишварҳои ҳамсуд ба Сочӣ рафт

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд ба шаҳри Сочӣ сафар кард.

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, ёварони раисҷумҳур дар умури равобити хориҷӣ ва масоили кадрӣ ва дигар масъулин ҳамроҳӣ мекунанд.

Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидор мекунанд

Нишасти Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд 10 — 12 октябр баргузор мешавад.

Қарор аст, ки дар ҳошияи ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин  дидору гуфтугӯ кунад.

"Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар ин дидор масоили муҳими минтақаро баррасӣ хоҳанд кард", — гуфта буд дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков.

Лентаи хабарҳо
0