Амири Қатар бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамдардӣ кард

© Фото : Хадамоти матбуотПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и его брат Нуриддин Рахмонов, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и его брат Нуриддин Рахмонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бо дастури бародараш амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон омада то ҳамдардии ӯро ба раисҷумҳури Тоҷикистон нисбат ба даргузашти бародарашон бирасонад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ дирӯз дар Қасри миллат бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Бародари раисҷумҳури Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон дар гузашт

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, дар ин мулоқот маҷмуъҳои густардаи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар заминаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, барқобӣ, фарҳанг, иртибототи ҳавоӣ, бонкдорӣ, гардишгарӣ ва дигар бахшҳо баррасӣ шуданд.

Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ дар ин дидор таъкид кард, ки бо дастури бародараш Амири давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон омада то таъзияву таслияти давлату миллати Қатарро ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба даргузашти бародараш Нуриддин Раҳмон бирасонанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Нуриддин Раҳмон 7-уми октябр аз сактаи қалб дар 67-солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид. Даргузашти ӯро сарони бисёре аз кишварҳову давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Чин, Белорус, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Кувайт, ба Эмомалӣ Раҳмон таслият гуфтанд.

Лентаи хабарҳо
0