ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Нуриддин Раҳмон — бародари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузаштааст.
Гуфта мешавад, ки бародари раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 7 октябр вафот кардааст. Ба иттилоъи расонаҳои тоҷикӣ, Нуриддин Раҳмон аз бемории қанд ранҷ мекашид.
Мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи дар гузашти бародари раисҷумҳур тавзеҳ надодааст.
Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.