ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон хабар медиҳад.
Дар номаи таслияти Шавкат Мирзиёев аз ҷумла омадааст:
"Хабари марги нобаҳангоми бародари шумо Нуриддин Раҳмонро бо андӯҳи бузург қабул кардам".
Раисҷумҳури Узбакистон дар ин росто андӯҳи амиқи худро иброз доштааст.
Бародари Эмомалӣ Раҳмон, Нуриддин Раҳмон рӯзи 7 октябр бар асари сактаи қалб даргузашт.
Ӯ дар синни 67-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Нуриддин Раҳмон соли 1950 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба уҳда дошт.