Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон

© Фото : Хадамоти матбуотПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и его брат Нуриддин Рахмонов, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и его брат Нуриддин Рахмонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мардуми Тоҷикистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамдардӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Рӯзи 7 —уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи қалб бародари раисҷумҳури Тоҷикистон, Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз олам дар гузашт.

Аҳли фарҳангу адаби ҷомеаи Тоҷикистон ба раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори таслият мекунад.

Ҳамин тавр Исматулло Холов-сҳунарманди шинохтаи тоҷик аз номи "Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ" дар саҳифаи Фейсбукиаш менависад:

"Ҳамдардии хешро аз номи аҳли ҳунари "Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консерти"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби марги нобаҳангоми бародарбузургашон фақид Нуриддин Раҳмон ҳамдарди баён менамоем,Ҷаноби Олӣ, ба Шумову бастагону пайвандон ва ба аҳли хонаводаи эшон аз даргоҳи Худованди азза ва ҷаъл сабри ҷамил хоҳонем".

Корбари дигари Фейсбук, Сорбонҷон Рамазонзода аз дӯстон даъват кардааст, ки даст ба дуо бардошта аз даргоҳи раҳматаш илтиҷои бандагӣ куанд. Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бошад ба Пешвои муазами миллат ҳамдарди ва сабри чамилро гуё шавем".

Мардихудо Давлатов низ ба раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори таслият кардааст.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Бародари раисҷумҳури Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон дар гузашт

"Изҳори тасаллият ба Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомали Раҳмон,бинобар сабаби марги ногаҳонии бародаратон ҳамдарди баён менамоям ба шумо аз даргоҳи Худованди азза ва ҷаъл сабри ҷамил хоҳонам.Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун Худованд рахмату магфиратшон кунад!".

Олим ва шоири маъруф Рустам Ваҳҳоб номаҳои таслияти мардумро ба Эмомалӣ Раҳмон хулосабарораӣ карда шеъре навиштааст.

"Мо аз они Худоем ва ба сӯйи Ӯ бозгардон. Бо арзи таслият ва ҳамдардии амиқ бино бар даргузашти ногаҳонии марҳум Нуриддин Раҳмон, бародарбузурги Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, соатҳост паёмҳои самимонаи таслият ва ҳамдардии мардумро мутолиа менамоям ва дар ҳошияи ин паёмҳои софдилона чанд сатре манзумро арза месозам, ки ба сурате бозгӯйи мазмуни онҳо низ ҳаст:

БЕХАЗОНӢ

"Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад"

Он ки қадри хок донад, осмонӣ мешавад,

Он ки қадри халқ донад, ҷовидонӣ мешавад.

Он ки умре рӯй дорад ҷониби Хизри мурод,

Обрӯяш беҳ зи оби зиндагонӣ мешавад.

Назри осоиш бувад чун изтироби аҳли дил,

Қатраи хуни диле муҳри амонӣ мешавад.

Он ки бо халқи Худояш меҳрубонӣ расм буд,

Аз Худовандаш нисори меҳрубонӣ мешавад.

Дар ҳарими аҳли заҳмат некномӣ парваранд,

Бенишонӣ оқибат олинишонӣ мешавад.

Меҳргони барзгар базри баҳори дигар аст,

Манзилаш боғу баҳори бехазонӣ мешавад.    

 

 

Лентаи хабарҳо
0