Дастури сафири Узбакистон ба мудири фурӯшгоҳи Хуҷанд: нархҳо тағйир наёбанд

© Sputnik / Фируз УмарзодаХуджанд, архивное фото
Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов нахустин харидори "Маркази савдои Узбекистон" буд. Ӯ бо нархи 75 сомонӣ аз фурӯшгоҳ курта, миёнбанд ва гарданбанд харидааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Хуҷанд, Шоқосим Шоисломов аз нархҳои дастраси маркази савдо ба ҳайрат омада, ба роҳбари ин маркази савдо Аюб Фозилов дастур додааст, ки нархҳо тағйир наёбанд.

Рӯзи ҳафтуми октябр дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи нахустин маркази савдои Узбакистон дар Тоҷикистон-"Маркази савдои Узбекистон" баргузор шуд.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ифтитоҳи маркази савдоро ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои Шавкат Мирзиёев гуфт.

"Мутмаъин ҳастем, ки ин ҳамкориҳо дар оянда такмил ёфта, барои иҷрои лоиҳаи ҷадид ҳидоят менамояд",-афзуд сафир.

Министр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз 20 сол: вазирони дифоъи Тоҷикистону Узбакистон нахустин бор дидор мекунанд

Муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ин иқдомро ба манфиати мардум арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд омода аст, бо назардошти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор аз ҳама имкониятҳои мавҷуда барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ истифода бурда шаванд.

Баъди ифтитоҳи расмӣ, Шоқосим Шоисломов, Хайрулло Ғайбуллозода ва ҳайати меҳмонон бо молу ашёи ба фурӯш гузоштаи ин маркази савдо аз наздик ошно шуданд.

Дар марказ молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, озуқа, обу нӯшока, варзишӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, заргарӣ, нассоҷӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

"Сафири Узбакистон аз нархҳои дастрас ба ҳайрат омада, ба роҳбари ин маркази савдо Аюб Фозилов дастур дод, ки ин нархҳо тағйир наёбанд, фаъолият шаффоф ва бо амри дилу виҷдон ва обрӯву эътибори кишвари Узбакистон сурат гирад", — омадааст дар хабарнома.

Сафир аз аввалин харидор буд, ки бо нархи ҳамагӣ 75 сомонӣ курта, миёнбанд ва гарданбанд харид.

Шоқосим Шоисломов ёдоварӣ карда, ки "Аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди бо ҳузури беш аз 500 нафар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0