Пас аз 20 сол: вазирони дифоъи Тоҷикистону Узбакистон нахустин бор дидор мекунанд

© Пресс-клубМинистр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото
Министр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарлашкар Абдусалом Азизов дар нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил ширкат карда ва бо ҳамтои тоҷикаш дидор хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Вазири дифоъи Узбакистон сарлашкар Абдусалом Азизов дар нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳад кард, ки 11 — 13 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Нишасти вазирони умури дохила - Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилаи Узбакистон пас аз 20 сол ба дидори ҳамтои тоҷикаш расид

Қарор аст, ки вай дар ин сафар ҳамчунин бо вазири дифоъи Тоҷикистон сипаҳбад Шералӣ Мирзо ва дигар масъулини баландпоя дидору гуфтугӯ кунад.

Сарлашкар Абдусалом Азизов моҳи сентябри соли 2017 вазири дифоъи Узбакистон таъйин шуд. Пеш аз ин вай дар симатҳои вазири умури дохила, муовини аввали вазири умури дохила, сардори Сарраёсати ВУД дар Тошканд, роҳбари ширкати «Ӯзбекнефтегаз» ва сардори Раёсати ВУД дар вилояти Ҷиззах кор кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки сарлашкар Азизов дар симати вазири умури дохила дар моҳи июни имсол барои нахустин бор Тоҷикистон омада буд ва дар ҷаласаи Шурои вазирони умури дохилаи кишварҳои узви ИДМ ширкат карду бо вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода дидору гуфтушунид анҷом дод.

Дар нишасти Шурои вазирони дифоъ, ки 11 — 13 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ҳайъатҳои расмии вазоратҳои дифоъи Русия, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Укроин, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0