Сафиру амир роҳандозии парвоз миёни Душанбе ва Қатарро зарур донистанд

© Фото : МИД РТПосол Таджикистана в Катаре вручил копии Верительных грамот
Посол Таджикистана в Катаре вручил копии Верительных грамот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон ва амири Қатар роҳандозии парвозҳо миёни Душанбе ва Қатарро омили густариши равобити дуҷониба донистанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода 8 октябр устуворномаашро ба амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ супурд.

Ба гузориши хадамоти иттилоотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар гуфтугӯе, ки пас аз маросими тақдими устуворнома сурат гирифт, сафири Тоҷикистон паёми раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ расонд.

Посол Таджикистана в Катаре вручил копии Верительных грамот - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Тоҷикистон дар Қатар расман корашро оғоз кард

Амири Давлати Қатар аз сатҳи олии равобити сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда ва рағбату алоқамандии Қатарро ба густариши беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон иброз намуд.

"Дар ин замина Амири Қатар бар зарурати идома ва татбиқи бомуваффақи тарҳҳои муштарак, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид кард. Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвари дӯст ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Давҳа низ зарур арзёбӣ гардид", — гуфта мешавад дар гузориши ВУХ ҶТ.

Амири Қатар ҳамчунин паёми бародаронаи худ ба раисҷумҳури Тоҷикистонро ба сафири тоҷик тақдим кард ва барои мардуми Тоҷикистон сулҳу суботу пешрафту шукуфоиро орзу намуд.

Лентаи хабарҳо
0