ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. "National Geographic" — нашрияи Анҷумани миллии ҷуғрофиёии Амрико, Шоиста Воиз — паноҳҷӯи сисолае аз Афғонистонро нахустин зане шинохтааст, ки ба танҳоӣ бо ҳавопаймои якмутура гирди ҷаҳон парвоз кардааст.
Парвози Шоиста чаҳор моҳ пеш оғоз шуда ва ӯ бо ҳавопаймои сабуки Beechcraft Bonanza A36 дар 138 рӯз аз 22 кишвар гузаштааст.
Вай дар ин парвоз аз Австралия, Шри-Ланка, Афғонистон, Миср ва бархе аз кишварҳои урупоӣ гузашта ва 4 октябр ба Амрико расидаву дар шаҳри Дейтона-Бич дар иёлати Флорида фуруд омадааст.
Шоиста Воиз аслан афғонистонӣ аст, вале дар Покистон зода шуда, ки падару модараш аз ҷанг дар Афғонистон ба онҷо паноҳ бурда буданд. Сипас хонаводааш ба Амрико рафтааст.
Вай дар сафар дар ҳар шаҳре, ки фурд омада, аз зиндагии худ ва ҳаммеҳанонаш суханронӣ карда ва ҳамзамон ҷавононро ба фаро гирифтани донишу фанновариҳо фаро хондааст.
Ҳамчунин дар ин нишастҳо бо бонувони асаргузор дар умури ҳар кишваре дидору гуфтугӯ дошта ва барои таъмини ҳазинаи таҳсили донишҷӯёну пажӯҳишгарони ҷавон дар риштаҳои фаннӣ ва халабонӣ (STEM — Science, Technology, Engineering, Mathematics) сармоя ҷалб мекардааст.