ДУШАНБЕ, 13 авг-Sputnik. Соли 2025 ҳавопаймоҳои мусофирбар бе халабон парвоз хоҳанд кард.
Тибқи пешгӯии коршиносон амалиёти парвози бе халабон дар муддати ҳашт сол пурра омода хоҳад шуд.
Солҳои оянда ҳавопаймо аз истгоҳ парвоз хоҳад кард ва ниёзе ба халабонон нахоҳад монд. Ин амалиёт даст медиҳад то 35 млрд дулор аз музди халабонон дар як сол захира шавад.
Интизор меравад, ки нархи парвозҳо ба маротиб арзон хоҳад шуд.
Ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, вазифаи аслиро аллакай автопилот иҷро мекунад. Ва пас аз чанде ниёзе ба идораи халабон боқӣ нахоҳад монд. Ҳавопаймо худ парвоз кардаву мустақилона фуруд хоҳад омад.
Вале бархе аз коршиносон бар инанд, ки мусофирон ба чунин навъи ҳавопаймоҳо итминон нахоҳанд дошт.