Сурия Амрикоро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо ДОИШ кард

© пресс-служба президента Сирии / Гузариш ба медиабонкСирийская армия прорвала осаду города Дейр-эз-Зор
Сирийская армия прорвала осаду города Дейр-эз-Зор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори Идораи кулли амалиётии Артиши Сурия Амрикоро муттаҳам ба ирсоли силоҳу аслиҳа барои нерӯҳои гурӯҳҳои теруристии ДОИШ ва "Ҷабҳат ун-Нусрат" кард

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сартип Алӣ ал-Алӣ, сардори Идораи кулли амалиётии Артиши Сурия гуфт, Амрико барои нерӯҳои ДОИШ ва "Ҷабҳат ун-Нусрат" силоҳ ирсол мекунад, на барои мухолифони давлати Асад.

Российская боевая авиация на аэродроме Хмеймим в Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои ҳавоии Русия 40 теруристи тоҷику ироқиро дар Сурия нобуд карданд

"Мо иттилоъ дорем, ки Амрико аз 5 июн то 15 сентябр 1421 боркаш таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа ба теруристҳо дар Сурия таҳвил додааст. Дар зоҳир аз ин силоҳҳо бояд барои мубориза бо теруристҳо истифода мешуд, аммо дар асл ба дасти нерӯҳои ДОИШ ва "Ҷабҳат ун-Нусрат" расид", — тавзеҳ дод вай.

Вай ҳамчунин гуфт, ки бештари ҷангафзорҳоеро, ки ба дасти нерӯҳои теруристӣ меафтанд, ширкатҳои Chemring ва Orbital ATK харид ва ирсол мекунанд, ки зери назари Пентагон онро ба муттаҳидони Амрико мерасонанд.

Сартип Алӣ ал-Алӣ афзуд, ки ин ҷангафзорҳо аз роҳи дарё ба Ховари Миёна расиона ва аз наворҳои марзӣ, ки нерӯҳи давлатӣ онҳоро зериназар надоранд, вориди Сурия мешаванд.

Пештар аз ин Артиши Амрико эълом карда буд, ки ин ҷангафзорҳо барои нерӯҳои демократи курди Сурия дар назар гирифта шуда, ки қарор буд бо ин силоҳу таҷҳизот шаҳри Раққаро аз ДОИШ озод кунанд.

Лентаи хабарҳо
0