ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар паи ҳуҷуми нерӯҳои ҳавоии Русия қароргоҳи ҷангиёни ДОИШ дар ноҳияи Абу-Камили Сурия нобуд ва беш аз 40 ҷангҷӯй аз Тоҷикисону Ироқу Қафқози Шимолӣ кушта шуданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифоъи Русия Игор Конашенков хабар дод.
"Дар ноҳияи Абу-Камил қароргоҳи ҷангиён нобуд ва беш аз 40 ҷангҷӯй аз Тоҷикистону Ироқу Қафқози Шимолӣ кушта шуданд. Ҳамчунин ҳафт худрави вижаи ҷангӣ (ДШК ва ЗУ-23-2) нобуд карда шуданд", — гуфт Конашенков.
Дар умум дар давоми як шабонарӯз 120 ҷангҷӯй нобуд карда шудааст.
"Ҳамчунин қароргоҳи теруристон ва то 80 ҷангӣ аз ҷумла нӯҳ тан аз Қафқози Шимолӣ кушта шуданд. Дар ноҳия 18 худрави вижаи ҷангӣ ва се қароргоҳи нигоҳдории силоҳ нобуд карда шуд",-афзуд генерал.